Китобҳо
Этикет: Аввал худро ҳурмат кун!
Китоби нав дар бораи одоб: этикет чист, барои кист ва чаро он кӯҳна намешавад.
Забон
Оё ту ҳамеша мефаҳмӣ, ки кай касе мехоҳад аз ту ба манфиати худ истифода барад?
Баъзан одамон туро мустақиман маҷбур намекунанд. Онҳо бо сухан, рафтор, ҳисси гунаҳкорӣ, меҳрубонӣ ё фишори равонӣ ба ту таъсир мерасонанд, то ту кореро анҷом диҳӣ, ки аслан намехоҳӣ.
Шояд борҳо чунин ҳолатҳо бо ту рӯй дода бошанд, аммо ту ҳатто пай набурдаӣ, ки дар он лаҳза мавриди манипулятсия қарор гирифтаӣ.
Ин китоб ба ту кӯмак мекунад, ки чунин ҳолатҳоро беҳтар шиносӣ, ниятҳои пинҳонии одамонро пай барӣ ва дар вақти зарурӣ чӣ гуна ҷавоб доданро фаҳмӣ.
Ман дар ҳақиқат китобҳои зиёде навиштаам, аммо ин китоб барои ман ҷойгоҳи махсус дорад.
Аз хурдӣ як чиз ба ман оромӣ намедод: вақте мебинам, ки дар атрофи ман беадолатӣ вуҷуд дорад, одамон якдигарро истифода мебаранд ва касе аз содагӣ, меҳрубонӣ ё бехабарии шахси дигар ба манфиати худ истифода мекунад.
Ман аз аввал чунин ҳолатҳоро мушоҳида мекардам. Он вақтҳо бисёр чизҳоро мефаҳмидам, аммо имконият ё ҷуръати дахолат карданро надоштам. Бо гузашти вақт, таҷрибаи зиндагӣ ва мушоҳидаҳои зиёд маро водор карданд, ки ба ин масъала бештар диққат диҳам.
Ман фаҳмидам, ки баъзан одамон на бо зӯрӣ, балки бо сухан, эҳсосот ва усулҳои гуногуни равонӣ дигаронро идора мекунанд. Ва бисёриҳо ҳатто намедонанд, ки чӣ тавр ба ин таъсирҳо гирифтор мешаванд.
Аз ҳамин ҷо хоҳиши навиштани ин китоб пайдо шуд. Ман мехостам чизҳоеро, ки худам мушоҳида ва дар зиндагӣ дарк кардаам, бо дигарон мубодила кунам.
Як воқеа буд, ки таъсири ин китобро ба ман боз ҳам равшантар нишон дод.
Як ҷавон ба ман навишт:
«Ака, бас кунед китоб навиштанро».
Сабабашро медонед?
Дӯсти ӯ китоби «Анти Манипулятсия»-ро хонда будааст. Пас аз хондани китоб, он дӯсташ фаҳмидааст, ки ӯро истифода мебаранд ва дигар намехоҳад ба ҳамон шахс пул диҳад.
Ман ин паёмро дар Stories-и худ гузоштам.
Баъд аз он як нафаре, ки китобро харида буд, ба ман навишт ва миннатдорӣ баён кард. Ӯ гуфт, ки баъди хондани китоб фаҳмидааст, ки дӯстонаш муддати зиёд аз ӯ истифода мебурдаанд ва пайваста пул мегирифтаанд.
Ҳатто вақте аз ӯ ҳамагӣ 1 сомонӣ талаб мекарданд, агар рад мекард, бо суханҳо ва фишори равонӣ ӯро маҷбур месохтанд, ки пул диҳад.
Ӯ қаблан ин рафторро оддӣ қабул мекард ва намефаҳмид, ки дар асл бо ӯ чӣ кор мекунанд. Аммо баъди хондани китоб ба бисёр чизҳо аз нигоҳи дигар нигаристааст.
Барои ман ин танҳо як ҳикоя набуд. Ин нишон медод, ки баъзан инсон барои муҳофизати худ аввал бояд чизеро, ки бо ӯ рӯй медиҳад, дуруст шиносад.
Ҳадафи китоб танҳо шарҳ додани мафҳуми манипулятсия нест. Муҳим он аст, ки ту дар зиндагии ҳаррӯза чунин ҳолатҳоро шинохта тавонӣ.
Дар китоб ту бо мисолҳо ва ҳолатҳои гуногун шинос мешавӣ:
Чӣ гуна манипулятсияро дар муносибатҳои байни одамон шинохтан мумкин аст.
Чӣ гуна баъзе одамон аз меҳрубонӣ ва боварии дигарон истифода мебаранд.
Чӣ гуна фишори равонӣ ва ҳисси гунаҳкорӣ барои ба даст овардани мақсад истифода мешаванд.
Чӣ гуна ба иғво ва кӯшишҳои ба вуҷуд овардани низоъ ҷавоб додан мумкин аст.
Чӣ гуна дар ҳолатҳои зарурӣ «не» гуфтан ва мавқеи худро ҳимоя кардан мумкин аст.
Чӣ гуна дар муошират ҳудудҳои шахсии худро нигоҳ доштан мумкин аст.
Дар баробари ин, китоб дорои ҳикояҳо, мушоҳидаҳо ва мисолҳои ҳаётӣ мебошад, ки барои беҳтар фаҳмидани чунин рафторҳо кӯмак мекунанд.
Ин китоб барои ҳар касест, ки мехоҳад муносибатҳои байни одамонро беҳтар фаҳмад ва дар муоширати ҳаррӯза ҳушёртар бошад.
Барои онҳое, ки:
Баъзан аз сабаби шармгинӣ ё меҳрубонӣ хоҳиши аслии худро гуфта наметавонанд.
Ҳангоми рад кардани хоҳиши дигарон худро гунаҳкор ҳис мекунанд.
Намефаҳманд, ки чаро баъзе одамон ҳамеша аз онҳо чизе талаб мекунанд.
Мехоҳанд дар дӯстӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ ҳудудҳои шахсии худро нигоҳ доранд.
Мехоҳанд фишори равонӣ ва усулҳои таъсиррасониро беҳтар шиносанд.
Меҳрубон будан айб нест. Ба дигарон кӯмак кардан ҳам кори бад нест. Аммо ту набояд танҳо аз он сабаб, ки инсони меҳрубон ҳастӣ, иҷозат диҳӣ, ки дигарон аз ту истифода баранд.
Ҳар дархостро қабул кардан шарт нест. Ба ҳар кас пул додан шарт нест. Барои рад кардани чизе ҳамеша маҷбур нестӣ, ки худро сафед кунӣ.
Баъзан муҳимтарин қадам барои ҳимояи худ — фаҳмидани он аст, ки чӣ тавр дигарон ба ту таъсир мерасонанд.
Китоби «Анти Манипулятсия»-ро бихон ва ба муносибатҳои атрофат бо чашми дигар нигоҳ кун.
Огоҳӣ аз манипулятсия — қадами аввал барои ҳимояи худ аст.
Тугмаи «Харидан»-ро пахш кунед — Telegram кушода мешавад.
Дар TributeBot бо корт пардохт кунед.
Файл ё дастрасӣ фавран ба Telegram меояд.
Китобҳо
Китоби нав дар бораи одоб: этикет чист, барои кист ва чаро он кӯҳна намешавад.
Китобҳо
Барои онҳое, ки мехоҳанд зиндагиашонро тағйир диҳанд, вале намедонанд аз куҷо сар кунанд.
Курсҳо
Мини Курс ва гуруҳи махфи доир ба - барномаи Xmind