Китобҳо
Анти Манипулятсия
Чӣ тавр манипуляцияро шинохтан ва ба он ҷавоб додан — дар мисоли воқеаҳои ҳаётӣ.
Забон
Замоне ман шахси хеле шармгин будам.
Аз шинос шудан, оғоз кардани суҳбат, баён кардани фикри худ ва анҷом додани корҳое, ки дар асл мехостам, метарсидам. Маҳз аз сабаби шармгинии худам имкониятҳои зиёдеро аз даст додам. Аз баъзе чизҳои барои ман муҳим даст кашидам ва ҳатто маҷбур шудам бо духтароне, ки дӯсташон медоштам, хайрбод гӯям. Ҳол он ки шояд ҳама чиз тамоман дигар хел мешуд.
Ман намефаҳмидам, ки аз сабаби тарси худам чӣ қадар чизҳоро аз даст дода истодаам.
Муддати зиёд фикр мекардам, ки ин танҳо хислати ман аст. Гӯё ман ҳамин хел одам ҳастам ва дигар ҳеҷ чизро тағйир дода наметавонам.
Аммо рӯзе зиндагӣ маро маҷбур кард, ки ба худам бо чашми дигар нигоҳ кунам.
Дар давраи донишҷӯӣ ҳодисае рӯй дод, ки ба ман таъсири хеле калон расонд. Ман бо ҳолате рӯ ба рӯ шудам, ки чанд духтар дар назди дигарон маро масхара ва таҳқир карданд.
Ҳамон вақт бори аввал ба таври ҷиддӣ фикр кардам, ки ман чӣ гуна инсон ҳастам, чаро бо одамон озодона суҳбат карда наметавонам ва чаро иҷозат медиҳам, ки беэътимодӣ ба худам ҳаёти маро идора кунад.
Ман метавонистам минбаъд ҳам ранҷам, аз одамон канорагирӣ кунам ва барои худам баҳона ҷӯям. Аммо ба ҷойи ин қарор додам, ки худамро беҳтар фаҳмам.
Ба хондани китобҳо, омӯзиши психологияи муошират, тамошои видеоҳои омӯзишӣ, мушоҳидаи одамони боэътимод ва ҷустуҷӯи ҷавоб ба саволҳое шурӯъ кардам, ки пештар ҳатто аз худам пурсидан метарсидам.
Оҳиста-оҳиста донишҳои гирифтаамро дар амал истифода бурдан гирифтам.
Ин ҳама дар як рӯз рӯй надод. Вақти зиёд сарф кардам, бо тарсҳои худам рӯ ба рӯ шудам, хато кардам ва боз кӯшиш намудам.
Аммо бо гузашти вақт пай бурдам, ки тағйир ёфта истодаам. Корҳое, ки пештар бароям ғайриимкон менамуданд, ба як қисми одии зиндагиям табдил ёфтанд.
Ман бо одамон шинос шудан, озодона баён кардани фикр, дар ҷамъият боэътимодтар рафтор карданро омӯхтам ва дигар аз ҳолатҳое, ки пештар метарсидам, канорагирӣ намекардам.
Ҳамон вақт як чизи муҳимро фаҳмидам: мо танҳо аз сабаби тарсидан чӣ қадар имкониятҳои зиндагиро аз даст медиҳем?
Ман китоби «Изо Накаш 2»-ро маҳз барои одамоне навиштам, ки замоне худам мисли онҳо будам.
Барои онҳое, ки мехоҳанд бо касе шинос шаванд, аммо ҷуръат намекунанд наздик шаванд.
Барои онҳое, ки касеро дӯст медоранд, аммо аз баён кардани ҳиссиёти худ метарсанд.
Барои онҳое, ки мехоҳанд фикри худро баён кунанд, вале ҳамеша дар фикри онанд, ки дигарон дар бораи онҳо чӣ мегӯянд.
Барои онҳое, ки дар назди одамони дигар худро ноустувор ҳис мекунанд, аз намуди зоҳирӣ, асли худ ё вазъи молиявиашон шарм медоранд.
Барои онҳое, ки имкониятҳоро дар пеши худ мебинанд, аммо бо кадом сабабе аз назди онҳо мегузаранд.
Ман намехоҳам, ки дигарон ҳамон душвориҳоеро аз сар гузаронанд, ки ман барои паси сар кардани онҳо солҳои зиёд сарф кардам.
Маҳз барои ҳамин дар ин китоб мушоҳидаҳо, таҷриба, дониш ва хулосаҳои шахсии худро ҷамъ овардам, ки ба ман барои тадриҷан тағйир додани зиндагиям кӯмак карданд.
Дар ин китоб мо на танҳо дар бораи шармгинӣ суҳбат мекунем.
Мо мефаҳмем, ки эътимод ба худ чӣ гуна ташаккул меёбад, чаро аз фикри дигарон метарсем, чӣ гуна суҳбатро оғоз кунем, бо одамони нав шинос шавем, атрофиёни худро дуруст интихоб кунем ва дар болои рафтори худ кор кунем.
Ҳамчунин дар бораи чизҳое мегӯям, ки ба пешрафти мо халал мерасонанд: маълумоти бефоида, шабакаҳои иҷтимоӣ, одатҳои нодуруст, ғурур ва такаббур.
Дар бораи таассуроти аввалин, муошират, кор, худтакмилдиҳӣ ва сабабҳое суҳбат мекунем, ки чаро танҳо доштани дониш барои тағйир додани зиндагӣ кофӣ нест.
Аммо муҳимтар аз ҳама, ман мехоҳам, ки ту на танҳо хондану аз ёд кардани маълумотро омӯзӣ, балки онро дар зиндагии худ истифода барӣ.
Зеро байни шахсе, ки бисёр чизро медонад ва шахсе, ки донишҳои худро дар амал истифода мебарад, фарқи калон вуҷуд дорад.
Номи китоб маънои махсус дорад.
Ман туро даъват намекунам, ки аз хоксорӣ, эҳтиром ё тарбияи хуб даст кашӣ. Ман дар бораи чизи дигар мегӯям: аз зиндагии худ шарм надор.
Аз суҳбат кардан натарс.
Аз шинос шудан натарс.
Аз оғоз кардан натарс.
Аз кӯшиш кардан натарс.
Аз худ будан натарс.
Нагузор, ки фикри дигарон, гузаштаи ту ё тарсҳои худат муайян кунанд, ки ту чӣ гуна инсон шуда метавонӣ.
Агар мехоҳӣ ба чизе ноил шавӣ, роҳ ҷӯй, на баҳона.
Ман ин китобро на барои он навиштам, ки худро инсони комил мешуморам. Ман ҳамоно меомӯзам, рушд мекунам ва дар болои худам кор мекунам.
Танҳо ман аллакай як қисми ин роҳро тай кардаам ва мехоҳам чизҳоеро, ки омӯхтаам, бо дигарон тақсим кунам.
Ман намехоҳам, ки ту ҳамон инсоне бимонӣ, ки танҳо орзуи зиндагии дигарро мекунад. Ман мехоҳам, ки ба кор кардан дар болои худ шурӯъ кунӣ.
Шояд маҳз ҳоло вақти муносиб расидааст, ки аз имкониятҳои зиндагӣ канорагирӣ карданро бас кунӣ.
«Изо Накаш 2» — китоб барои онҳое, ки омодаанд дигар зери таъсири шармгинии худ зиндагӣ накунанд ва ба кор кардан дар болои шахсияти худ шурӯъ кунанд.
Тугмаи «Харидан»-ро пахш кунед — Telegram кушода мешавад.
Дар TributeBot бо корт пардохт кунед.
Файл ё дастрасӣ фавран ба Telegram меояд.
Китобҳо
Чӣ тавр манипуляцияро шинохтан ва ба он ҷавоб додан — дар мисоли воқеаҳои ҳаётӣ.
Китобҳо
Китоби нав дар бораи одоб: этикет чист, барои кист ва чаро он кӯҳна намешавад.
Курсҳо
Мини Курс ва гуруҳи махфи доир ба - барномаи Xmind